Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Спутник, Том Баррак, фиристодаи вижаи Трамп дар Сурия, дар гуфтугӯ бо нашрияи «Нашнл» иддао кард, ки Доналд Трамп ва Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико, аз ҳеҷ раванде барои тағйири низом дар Эрон ҳимоят намекунанд, балки хоҳони дастёбӣ ба роҳкорҳои минтақаӣ ҳастанд.
Вай бо иқрор ба талошҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар Эрон гуфт, ки Вашингтон 2 бор барои тағйири низом дар Эрон талош кард ва натиҷа нагирифт. Баррак гуфт, ки ин масоил бояд ба кишварҳои минтақа супурда шавад ва чунин иқдоме оқилонатар аст.
Баррак иддао кард, ки давлати Амрико тамоюл дорад ба як тавофуқ бо Теҳрон даст пайдо кунад. Вай дар айни ҳол барои тавофуқ бо Эрон пешшарт таъйин кард ва гуфт, ки Теҳрон бояд ҷиддият аз худ нишон дода ва даст аз ҳимоят аз нерӯҳои минтақаияш бардорад.
Вай дар бораи Сурия низ гуфт, ки Амрико шоҳиди як фурсати воқеӣ барои тавофуқ миёни Димишқ ва режими саҳюнистӣ бар сари марзҳо ва манотиқи амн ва баъд аз он ҳаракат ба самти оддисозии равобит аст.
Баррак илова кард, таҷрибаи Ироқ ҷузви таҷрибаҳои шикастхӯрдаи Амрико аст ва набояд такрор шавад. Мудохила дар ин кишвар бо кушта шудани садҳо ҳазор нафар ва тарки Ироқ ба поён расид. Вашингтон алгуи федеролиро дар Ироқ пиёда кард, як давлати марказӣ дар Бағдод ва як низоми курдӣ дар иқлими мамлу аз нафт. Ин иқдомот боиси таҷзия шуд, ҳамон тавре ки дар Югославияи собиқ сурат гирифт. Амрико се триллион доллар ҳазина кард ва 20 сол дар як давраи таърихии фоҷиабор даргир буд, аммо бидуни дастовард монд.
Вай гуфт, ки Эрон баъд аз таҳаввулоти суратгирифта дар минтақа дар қиболи Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Яман истодагии шадиде дар хусуси Ироқ мекунад.
Your Comment